10.06.2026 04:30

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фестивал-озмуни “Беҳтарин армуғон” баргузор гардид, ки дар он занону бонувони ҳунарманд иштирок намуданд. Дар Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва соҳибкасб намудани сокинон таваҷҷуҳи зарурӣ равона шудааст. Ташкили фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» маҳз бо ҳамин мақсад буда, барои ҷалби сокинон ба омузиши ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад.