Бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт 8 синфхонаи иловагӣ, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ бунёд карда мешавад. Ин иншооти таълимӣ бо ташаббуси сокинони деҳа ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тариқи ҳашар бунёд меёбад. Маврид ба зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Ашт 12 муассисаи замонавии таълимӣ бунёд гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар ноҳия бунёди боз 5 муассисаи таълимӣ идома дорад.
