Истифодаи самараноки замин аз омилҳои асосии фаровонии бозори истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина тибқи дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замини корам, гирифтани 2-3 ҳосил аз он аҳолии деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ташкилоту муассисаҳо имсол азм доранд, ки фаровонҳосилии зироати кишташонро таъмин намоянд. Таи солҳои охир аҳолии деҳоти вилоят барои баланд бардоштани боздеҳи замин, истифодаи ҳар як қитъаи замини киштшаванда ва баланд бардоштани ҳосилнокии он масъулияти бузург эҳсос менамоянд.
