10.06.2026 04:29

Аз 2-юм то 9-уми апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷумла вилояти Суғд фестивали “Ҳафтаи китоби  кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор гардид. Чорабинии мазкур имкон фароҳам овард, ки сафи китобдӯстони наврас боз ҳам зиёд гардад. Дар доираи ин чорабинӣ дар ҳамаи китобхонаҳои вилоят ҷамъомаду ҳамоишҳои гуногун баргузор карда шуд. Дар китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ давраи ҷамъбастии ин фестивал бо иштироки аҳли илму адаб ва дӯстдорони китоб баргузор гардид.