Паҳншавии ҳашароти зараррасони малах ба заминҳои киштзор, боғ ва чарогоҳҳо зарари калон мерасонад. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии малах дар шаҳру ноҳияҳо мутахасисони филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд фаъолият доранд. Бо дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати кишовразӣ ва мақомотҳои маҳҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои пешгирӣ аз паҳншавии ҳашароти зараррасони малах дар вилоят идома дорад.
