10.06.2026 04:33

Дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов “Гӯштини наврузӣ” баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ дӯстдорони сершумори гӯштин аз тамоми минтақаҳои кишвар иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ин чорабинии варзишӣ аз рӯи намудҳои гӯштингирӣ ва гӯштини камарбандӣ баргузор шуд. Беҳтарин варзишгарон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.