Бо дастгирии Федератсияи Футболи кишвар дар вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми “Истиқлол” мусобиқаи футбол байни сокинони маҳалла ва ташкилоту идораҳои шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид. Дар ин мусобиқа 32 даста иштирок намуда, 2 дастаи беҳтарин дар даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, вилояти Суғдро муаррифӣ мекунанд.
