Истифодаи оқилонаву самараноки замин амри муҳиму зарурӣ ба ҳисоб рафта, барои руёнидани ҳосили фаровон ва бо ин васила ғанӣ гардидани вазъи иқтисодии ҳар оила мусоидат мекунад. Сокинони ноҳияи Спитамен аз заминҳои назди ҳавлигии худ ҳосили фаровон мегиранд ва дар баробари таъмини рӯзгори худ маҳсулоти кишоварзиро ба фуруш мегузоранд. Дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия аз ҷониби бародарон Абдураҳмоновҳо дар заминҳои назди ҳавлигӣ гармхона бунёд гардида, парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.
