Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад. Бо мусоид омадани обу ҳавои имсола дар вилоят тақсимоти тухмии кирмак оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Суғд тақсимоти 8330 қуттӣ тухмии кирмак дар назар дошта шудааст. То ба имрӯз бошад аз 5670 қутии кирмаки зиндашуда 3182 қуттӣ кирмак тақсим гардидааст. Ин раванд дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дошта бо фаро расидани шароити мусоиди обу ҳаво тақсимоти тухмии кирмак идома дорад.
