Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳили рости дарёи Сир таҷдиду навсозӣ гардида, имрӯз ба макони дӯстдошта ва сайри сокинону меҳмонон табдил ёфтааст. Зимни мушоҳидаҳо маълум гардид, ки сокинон дар шомгоҳон ҳамроҳи дӯстону пайвандонашон бо шукргузори аз сулҳу суботи мамлакат ба истироҳату фароғат машғул ҳастанд.
