10.06.2026 04:34

Хизмат ба ватан қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, ҷавонони бонангу номуси кишвар бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ифтхору саодатмандӣ хизмати ҳарбиро пеш мебаранд. Риояи талаботи оинномаҳо ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳро ташкил медиҳад. Бо талошу дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба яке аз воҳидҳои пуриқтидори низомӣ табдил ёфта, бо тамоми шароит ва навтарин яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ гуруҳи калони хизматчиёни ҳарбӣ, сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизматро ба ҷо овардаанд ботантана гусел карда шуданд. Сарбозон бо як ҷаҳон ифтихору саодатмандӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, барои ҳимояи ин сарзамини аҷдодӣ доимо омода ҳастанд.