10.06.2026 04:36

Дар Муассисаи давлатии Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии гуруҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Иқдоми мазкур бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин, ки ҳамасола санаи 22-юми апрел ҷашн гирифта мешавад, ташкил карда шуд. Дар ин рӯз сокинони касбу кори гуногун дар тоза намудани замин аз партовҳо саҳми арзанда гузоштанд.