Дар доираи Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» дар толори Қалъаи Хуҷанд ҳамоиш бо ҷалби иштирокчиёни чорабинӣ баргузор гардид. Дар он байни намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Зимнан ширкатҳои бонуфузи кишварҳои хориҷи дуру наздик ба минтақаҳои вилояти Суғд таваҷҷуҳ зоҳир намуда оид ба рушди ҳамкориҳо ба мувофиқа омаданд. Аз ҷумла миёни ширкатҳои сайёҳии вилояти Витебски Ҷумҳурии Белорусия, вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
