10.06.2026 04:36

Пахта ҳамчун ашёи хоми корхонаҳои саноатӣ ба ҳисоб меравад. Аз пахта чанд навъу намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад ва қисме аз он хусусияти содиротӣ дорад. Дар вилояти Суғд бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ таҷрибаҳои пешрафта, тухмиҳои серҳосил истифода мегардад. Ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор бо истифода аз рӯзҳои мусоид ба кишти пунбадона вусъат бахшида мешавад.