Дар вилояти Суғд курси омӯзиши мураббиёни футбол барои дарёфти шаҳодатномаи В оғоз шуд. Дар ин машғулияти омӯзишию таълимӣ 23 нафар мураббии футболи кӯдакону наврасон иштирок доранд, ки ба онҳо мутахассисони варзидаи Федератсияи футболи Тоҷикистон нозукиҳои касбро меомӯзонанд. Ин иқдом бо ташаббуси Федератсияи футболи кишвар бо мақсади рушди футбол дар ҷомеа ва дарёфту омода намудани футболбозони касбӣ аз байни кудакону наврасон роҳандозӣ гардидааст.
