Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, фарҳангӣ конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳои таърихӣ-ҷузъе аз сарнавишти миллат” баргузор гардид. Дар конфронс зикр ёфт, ки воқеан таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагонамон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар фарди ҷомеа, хоса насли наврасу ҷавон аст.
