Масъулини мақомоти Суди вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати иҷрои амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ аз чинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон силсила вохӯриҳоро бо аҳли ҷомеа доир намоянд. Чунин як мулоқоти судманд дар муассисаи давлатии мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд.
