Дар толори варзишии ҷашнии шаҳри Хуҷанд чемпионати Тоҷикистон оид ба карате-до WKF баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 100 нафар варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштироку маҳоратсанҷӣ карда, барои дарёфти унвони Чемпиони Тоҷикистон байни ҳам зурозмоӣ намуданд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади муайянсозии беҳтарин варзишгарони кишвар ва сафарбар намудани онҳо ба мусобиқаҳои бонуфузи дар пеш истода баргузор карда шуд.
