Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба УШУ баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ наздик 200 нафар варзишгарон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд ва аз байни онҳо беҳтаринҳо муайян гардиданд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади дарёфти беҳтарин варзишгарони кишвар оид ба ин намуд роҳандозӣ гардид. Мураббиён аз байни иштирокчиён беҳтаринҳоро муайян намуданд, ки онҳо минбаъд дар мусобиқаҳои дар пеш истода, кишвари моро муаррифӣ менамоянд.
