Кишоварзону аҳолии ноҳияи Деваштич дорои таҷрибаи баланди истифодаи самараноку оқилонаи замин буда, хамасола дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар саҳм мегузоранд. Дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Деваштич ҳамасола зиёд карда мешавад. Айни замон дар ноҳия кишти картошка ҷараён дорад.
