10.06.2026 04:33

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаҳои кишоварзию саноат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба кишту парвариш ва коркарди он таваҷҷуҳи махсус равона карда мешавад. Дар асоси маълумоти фаврӣ то ба санаи 24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 40 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шудааст.