Дар замони зудтағйирёбандаи авзои ҷаҳон ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ муҳимияти бештар касб намудааст. Бахусус, ҳушёру зирак будан, фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ нагардидан аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Рушди бемайлони илму техника имкон фароҳам овард, то гуруҳҳои тундрав бо роҳҳои нав шаҳрвандони ноогоҳро ба сӯйи худ моил намоянд ва тавассути онҳо нақшаҳои муғризонаи худро амалӣ намоянд. Коршиносон бар он боваранд, ки дар замони имрӯз масъалаи худшиносӣ, ҳушёру зирак будан аз ҳарвақта беш муҳимият пайдо намудааст.
34 сол мешавад, ки дар Тоҷикистони офтобӣ истиқлол нурпошӣ дорад. Мардум бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда дар ин роҳ собитқадамона ба пеш меравад. Тоҷикистон кишвари сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамбастагии мардум буда, сол аз сол ободу зебо ва пешрафту шукуфо мегардад. Вазифаи ҳар яки мо ин саҳм гузоштан дар пойдории сулҳу субот ва ободу шукуфоии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
