10.06.2026 04:37

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлоли буда, дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи марзу бум ва оромиву осудагӣ нақши калиди дорад. Имрӯз афсарону сарбозони шучоъ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва рушду шукуфоии мамлакат саҳм мегузоранд. Бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар қисмҳои низомӣ шароити муносиби хизмат барои диловарони ватан фароҳам оварда шуда, афсарону сарбозон аз дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бархурдоранд. Беҳтар шудани шароити хизмат, дарки масъулияти шаҳрвандиву фарзандӣ ва боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон боиси бештар ихтиёрӣ сафарбар шудани ҷавонон ба хизмат модар ватан гардидааст. Ҷавонони вилояти Суғд барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ бо амри дилу виҷдон ба хизмат мераванд ва ин раванд дар ниҳоди насли наврастаъсири амиқ мегузорад.