10.06.2026 04:31

Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти ҳавои тоза гузаронида шуд. Ин иқдом бо мақсади пешгирӣ намудани ифлосшавии ҳаво ҳангоми ихроҷи газҳои зарарнок аз воситаҳои нақлиёт роҳандозӣ гардид. Тоза нигоҳ доштани муҳити зист, аз ҷумла ҳаво вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад, зеро дар акси ҳол боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мешавад. Пайваста баргузор намудани амалиёти ҳавои тоза дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст.