Пахта ашёи хоми саноатӣ ба шумор рафта, зиёд намудани майдони кишт ва гирифтани ҳосили фаровон боиси фаъолияти коргоҳҳои коркарду истеҳсолӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои доимии корӣ мегардад. Имрӯзҳо бо истифода аз боду ҳаво, дастрасӣ ба обу замин ва таҷриба кишти пунбадона дар вилоят идома дорад. Шаҳри Конибодом аз минтакахои асосии кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, саҳми хоҷагидоронаш дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат басо назаррас мебошад. То ба санаи 25-уми апрел дар ҳудуди ҷамоату деҳот ва хоҷагиҳои хурду бузурги шаҳр дар майдони зиёда аз 4000 гектар кишти пундабона гузаронида шудааст.
