10.06.2026 04:37

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби бонуҳо ва кӯдакону наврасон ба футбол таваҷҷуҳ зиёд аст. Айни замон дар мактабҳои футболи шаҳру ноҳияҳои вилоят мураббиёни пуртаҷриба ба садҳо нафар кӯдакону наврасон футболро меомӯзонанд. Аз хурдсолӣ тарбия намудани дӯстдорони футбол ба рушди ояндаи ин намуди зебои варзиш дар кишвар замина мегузорад. Ҳамчунин ҷалби бонуҳо ба варзиш ин таъмини ояндаи солимии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 6 мактаби махсуси футбол фаъолият доранд, ки дар онҳо садҳо нафар кӯдакону наврасон машқу тамрин менамоянд.