Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардид. Бунёди неругоҳҳои барқӣ обӣ, таҷдиду навсозии инфрасохтори муҳими соҳа аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бо зиёд шудани аҳолӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва манбаҳои дигари истифодаи нерӯи барқ талаботро ба қувваи барқ бештар намудааст. Дар ин самт истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, пешгирии талафоти он ва пурзӯр намудани қонунгузорӣ барои истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ муҳим аст.
