10.06.2026 04:35

Бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар қисмҳои низомӣ шароити муносиби хизмат барои диловарони ватан фароҳам оварда шуда, афсарону сарбозон аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бархурдоранд. Дар кишвар маъракаи даъвати баҳорӣ ҷараён дошта, ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд. Баробари ин сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизматро ба ҷо овардаанд, ба зодгоҳ бармегарданд. Қабули бошукуҳи сарбозон пас аз итмоми хизмати ҳарбӣ, ин рамзи арҷгузории ҷомеа ба хизматчиёни далери Ватан ва аҳамияти хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.