Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони «Нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун — заминаи асосӣ барои саноатикунонии мамлакат» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ буда баҳри ноил гардидан ба ин дастовард аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ҳадафҳои созандаву бунёдкорона бомаром ҷараён дорад. Ин аст, ки дар мамлакат як қатор тавлидкунандагони нерӯи барқ ба монанди нерӯгоҳҳои барқии обӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
