10.06.2026 04:28

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни ҷавонону калонсолон баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ 17 нафар варзишгари пуртаҷрибаи кишвар дар масофаи 70+70 метр маҳоратсанҷӣ карданд. Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади дарёфти беҳтарин камонварони кишвар байни ҷавонону калонсолон баргузор гашт. Дар намуди инфидорӣ ва ҷуфти омехта ҳакамон беҳтарин варзишгарони кишварро муайян намуданд.