Дар Қасри фарҳанги “Суғдиён” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамоиш дар мавзуъи “Аҳмияти сиёсию байналмилалии эъломияи Хуҷанд ва марҳилаи нави сиёсати сулҳофарини Пешвои миллат дар минтақа” баргузор гашт.
Дар рафти ҳамоиш таъкид гардид, ки маҳз таҷрибаи бузурги роҳбарӣ, сулҳофарӣ ва сатҳи баланди дараҷаи худшиносии милливу умумибашарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон қавитар гардид. Ин иқдоми беназир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун навиди сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому самимият ба миллатҳои ҳамдигар ва иродаи қавию нексириштии роҳбарони кишварҳо эътироф карда шуд.
