10.06.2026 04:30

Бо мақсади таҳкими робитаи байни мақомоти маҳаллӣ ва донишҷӯён дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии судманд бо донишҷӯён аз ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Бо ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумати мамлакат масъалаи дастгирии ҷавононро ҳамчун нерӯи созанда ва ояндаи миллат дар меҳвари сиёсати хеш қарор додааст. Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерўи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, муаррифгари миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.