10.06.2026 04:30

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ кормандону масъулини мақомоти суди мулоқоту вохуриҳо дар махалҳо ташкил намуда, волоияти қонун, риояи ҳатмии меъёрҳои консиутсияро ба аҳолӣ мефаҳмонанд. Дар толори ҷамоати шаҳраки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби судяҳои Суди вилоят вохӯрӣ бо сокинон сурат гирифт. Судяҳо зимни баромад қайд намуданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд ба масъалаи таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аҳолӣ аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ таваҷҷуҳ равона намудааст.