Дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд аз санаи 7 то 25 апрели соли равон мусобиқаи футзал байни кормандони ташкилотҳои қарзӣ баргузор гардид, ки дар он 10 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқаи мазкур ба 25–солагии таъсисёбии Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Имон Интернешнл” бахшида шуда, дастаи “Рахш”-и шуъбаи бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд дар он ғолибият ба даст овард.
