10.06.2026 04:28

Татбиқи лоиҳаи “Сохтмони хатти тозаи оби нӯшокӣ аз дарёчаҳои Чет-Сув ва Урта Сув” дар шаҳри Истиқлол имкон медиҳад, ки дастрасии сокинон ба оби тозаи нӯшокӣ беҳтар гардад. Айни замон бо ҷалби 11 адад техника ва 45 нафар мутахассисон дар панҷ қитъа корҳо бо маром пеш меравад. Тибқи лоиҳа аз ду сарчашаи оби худҷорӣ ба масофаи 16 километр тавассути қубурҳо оби тозаи нӯшокӣ оварда мешавад. Шаҳри Истиқлол бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо мегардад. Амалишавии лоиҳаи “Сохтмони хатти тозаи оби нӯшокӣ аз дарёчаҳои Чет-Сув ва Урта Сув” то обанбори марказии Табошари куҳна ғамхории навбатии давлату Ҳукумат буда, дастрасии сокинони шаҳр ба оби ошомиданӣ боз ҳам беҳтар мешавад.