Дар шаҳри Гулистон бахшида ба рӯзи байналмилалии оила чорабини идона доир гардид, ки дар он оилаҳои намунавиии миқёси шаҳраку ҷамоатҳо иштирок намуданд. Бо ташаббуси баши кор бо занон ва оила дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни “Оилаи беҳтарин” баргузор шуд. Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила ибтидо мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳвари дар густариши ҷамъият дорад. Ҳадафи аслии таҷлили рӯзи оила, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзоёни оила равона шудааст.
