Обшавии босуръати пиряхҳо, ки захираи асосии об дар таъмини аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ маҳсуб меёбад, яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, бо ташабусҳои ҷониби Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақт баррасӣ карда мешавад. Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар миқёси олам эълон намудани “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” падидаи нав дар арсаи сиёсати байналмиллалӣ буда, собит месозад, ки Тоҷикистон асосгузори муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи захираи пиряхҳо эътироф шудааст.
