10.06.2026 04:32

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар намудҳои варзиш футбол низ дар кишвари мо рушд ёфт. Ба футболи кӯдакону наврасон дар саросари кишвар таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, футболбозони касбӣ омода карда мешаванд. Дар тӯли 4-соли фаъолияти худ Академияи Футболи Тоҷи шаҳри Хуҷанд садҳо нафар кӯдакону наврасонро ба машқу тамрин фаро гирифт. Дастаи то 18 солаи академияи мазкур имсол дар лигаи дуюм шаҳри Хуҷандро муаррифӣ менамояд.