10.06.2026 04:37

Корҳои ободониву созандагӣ, ки аз дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст, ба ободу зебо гардидани шаҳру деҳот, марказҳои маъмурии ноҳияҳо ва дар маҷмуъ шукуфоии ватан мусоидат карда истодааст. Дар ноҳияи Шаҳристон сокинон дар ҳамбастагиву муттаҳидӣ дар сохтмон ва бунёди иншооти гуногун саҳм мегузоранд. Алалхусус гуруҳе аз бошандагон маблағи барои адои маносики ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ сарф кардаанд.

Дар ин радиф пеша кардани амалҳои хайру эҳсон, кӯмак ба ятимону бепарасторон, бунёдкориву созандагӣ аз зумраи амалҳое маҳсуб меёбад, ки тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат роҳандозӣ мегардад.