10.06.2026 04:33

Хизмати Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар фарди ватандӯст буда, ҷавонон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ руҳану ҷисман обу тоб меёбанд. Дар қисми ҳарбии 051 056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Дар фазои тантанавӣ, дар ҳузури волидон наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, барои хизмати софдилона ба халқу ватан омодагии худро изҳор доштанд.

Гвардияи миллӣ зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди муқтадир ва сипари боэътимоди давлату миллат табдил ёфтааст.