Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои доғи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои паст намудани ин падидаи номатлуб мубориза бурда, нисбати ин масоил диққати махсус медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, барои амалисозии он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст. Иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боиси коҳишёбии коррупсия мегардад.
