Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи баскетбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом расид. Дар ин чорабинии варзишӣ, ки наздик як моҳ ҷараён гирифт, 10 даста бонуҳо ва 18 даста писарон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ин чорабинии варзишӣ бо ташаббуси Федератсияи баскетболи шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба варзиш, рушди баскетбол ва дарёфти беҳтарин баскетбозон аз байни хонандагон гузаронида шуд.
