10.06.2026 04:29

Истифодаи самараноки замин ва дар ин замина фаровонии бозори истеъмолӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз масъалаҳое маҳсуб меёбад, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба истифодаи оқилонаи заминҳо, баланд бардоштани боздеҳи замин ва гирифтани 2-3 ҳосил аз он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.