10.06.2026 04:37

Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ ва коркарди саривақтӣ муҳим мебошад. Дар ин самт аз тарафи масъулин ва мутахассисони соҳа роҳҳои мубориза бо ҳамагуна ҳашарот ва зараррасонҳо ба боғбонҳо омӯзонида мешавад. Мутахассисон дар самтҳои гуногун ҷиҳати ҳосилнокии растаниву ниҳолони мевадеҳ корҳои омӯзишӣ ба роҳ монда натиҷаи таҷрибаҳоро дар амал татбиқ менамоянд. Тавре олимони соҳа таъкид медоранд усулҳои пешрафтаи боғдорӣ ва токпарварӣ имконият фароҳам меорад, ки ҳосилнокӣ афзун гардад. Зеро талабот ба маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати табии тоза торафт зиёд мешавад. Дастоварди мутахассисони соҳа имкон фароҳам овардааст, ки маҳсулот аз ҷиҳати сифат ва намуд бозоргир ва рақобатпазир гардида минбаъд дар бозори ҷаҳонӣ харидори худро пайдо намояд.