10.06.2026 04:28

Мулоқоти намояндагони суди вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва сокинони шаҳраки Ғафуров баргузор гардид. Вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирии зуроварӣ дар оила гузаронида шуд.