10.06.2026 04:30

Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили бошукӯҳи ёдбуд бахшида ба 80-солагии муҳаққиқи барҷастаи «Шоҳнома», номзади илмҳои филологӣ ва омӯзгору тарбиятгари асил Шодӣ Асроров баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо саҳми аҳли илму адаб ва пайвондони шодравон доир гардида, аҳли зиё, шогирдон ва сокинони маҳаллиро гирди ҳам овард. Дар ин рӯз парда аз рӯи нимпайкараи шодравон Шодӣ Асроров, ки дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ҷойгир шудааст, бардошта шуд. Маҳфили ёдбуд ҳамчун намунаи арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Шодӣ Асроров дар роҳи густариши илму маърифат ва тарбияи шогирдони фарзона, эҳсоси масъулияти ҷомеа нисбат ба шахсиятҳои арзандаи миллатро таҷассум намуд.