10.06.2026 04:28

Соли равон марҳилаи нави содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти барвақтӣ оғоз гардид. Ҷиҳати тақвияти ин раванд, дар минтақаи шафати роҳи оҳани ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 маркази содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст ва ҳамарӯза аз ин ҷо ба хориҷи мамлакат тариқи роҳи оҳан ва мошинҳои калонҳаҷм пиёзи барвақтӣ интиқол дода мешавад. Вилояти Суғд, ки дорои захираҳои бойи табиӣ, заминҳои ҳосилхез, саноати пешрафта ва фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад, ба яке аз минтақаҳои асосии содироткунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон табдил ёфтааст.