Дар толори муассисаи давлатии “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Беҳтарин момодояи соли 2025” доир гардид. Озмун дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ равона гардидааст. Дар даври якум намояндагон аз 18 шаҳру ноҳия иштирок намуда, то ба даври ниҳоӣ, ки санаи 5-май баргузор шуд, 6 даста роҳхат гирифтанд ва ғолибони озмун муайян гардиданд.
