10.06.2026 04:37

Картошкапарварӣ аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии деҳоти мамлакат маҳсуб ёфта, дар амалӣ кардани таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад. Тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳат ва ҳаҷми истеҳсоли ин зироати хӯрока дар вилояти Суғд сол аз сол зиёд мегардад. Соли ҷорӣ кишти картошка дар ҳудуди хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар масоҳати 18 ҳазору 500 гектар ба нақша гирифта шудааст. Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон соли равон майдони кишти картошкаро зиёд намуда, нақша доранд маҳсулнокӣ ва ҳаҷми содиротро назар ба соли қаблӣ бештар намоянд.