10.06.2026 04:28

Арҷгузорӣ ба хидмати собиқадорони давлативу ҷамъиятӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Шахсоне, ки дар рушду пешрафти кишвари азиз саҳм гузоштаанд ҳамеша қадрдонӣ ва мавриди таваҷҷуҳ қарор дода мешаванд. Яке аз ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, инсони хирадманду накӯкор, ки умри хешро баҳри пешрафти кишвар гузоштааст Рифъат Ҳоҷиев мебошад. Бо мақсади гиромидошти номи некаш дар назди манзили зисташ лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.